ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо зердастону вакилон ва мақомдорони ин вилоят машварат баргузор кард, ки дар рафти он ҳисоботи мансабдорони вилояти Хатлонро шунид ва барои беҳбуди кор чанд дастуру супориш дод.
Ба иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон, Ҳакимзода дар ҷаласа таъкид намуд, ки омӯзгорону табибони ҷавон бояд бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шаванд.
Ҳамчунин раиси вилоят ба таъмири роҳҳое, ки аҳамияти маҳаллӣ доранд, таъкид намуда, аз сохтмони биноҳои баландошёна низ гуфт.
Дар ҷараёни иҷлосия раиси вилоят аз вазъи иқтисодӣ ва авзои сиёсии ҷаҳон ёдовар шуда, дастур дод, ки тамоми заминҳои вилояти Хатлон бояд кишт шаванд ва саъй бояд намуд, ки аз заминҳои ҳосилхез то се ва ё ҳатто то чор ҳосил гирифт.
Зикр гардид, ки майдони гармхонаҳо васеътар шуда бозорҳои истеъмолиро бояд бо зироату сабзавоти барвақтӣ таъмин кард.
Манбаъ меафзояд, дар иҷлосия Абдуалим Исмоилзода, раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният доир ба корҳои дар якчанд ноҳияҳои вилоят анҷомёфта ҳисобот дод.
Ӯ гуфт, дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо камбудиҳои ҳалталаб ҷой доранд ва зарур аст, ки барои ислоҳи онҳо сари вақт тадбирҳо андешида шаванд.
Аз ҷумла дар самти ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирии маъракаҳои дафну азодорӣ, муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва риояи тарзи дурусти ҳаёти солим корҳо беҳбудӣ мехоҳанд.