ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Мақомоти қудратии Тоҷикистон аз боздошти сокини Хуҷанд хабар медиҳад, ки беш аз 30 нафарро ба доми фиреби худ кашидааст.
Ҳамин тавр аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Б. Ғафуров нисбати марди 44-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо моддаи 247, қисми 4, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Тибқи гузориши манбаъ, номбурда моҳи январи соли 2021 бо роҳи фиреб ба бовари зани 62-солаи сокини ноҳияи зикргардида даромада, ба ӯ аз минтақаи 12-уми шаҳри Хуҷанд замини наздиҳавлигӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани заминро ваъда кардааст.
Барои ин "хизматаш" ин мард аз ӯ 46 ҳазору 900 сомонӣ гирифтааст.
Ҳамчунин ба воситаи ин зан ӯ аз 30 сокини дигари ҳамин ноҳия ба маблағи умумии 394 ҳазору 600 сомонӣ гирифтааст.
Номбурда аз ин маблағ 152 ҳазору 500 сомониашро баргардонида, боқимонда, 242 ҳазору 100 сомонии дигарашро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Манбаъ афзуда, ки дастгиршуда пеш бо моддаҳои 319, қисми 1 ва 247, қисми 3, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Ҳамзамон ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 35-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки 15-уми майи соли 2021 зани 40-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 280 ҳазор сомонӣ либосҳои занона ва дигар ашёро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, вобаста ба ин ҳолатҳо тафтишот идома доранд.