Пешниҳоди грант ба занҳои ҳунарманду эҷодкор дар шаҳри Хуҷанд

Шаҳрдории Хуҷанд эълон кардааст, ки барои занони ҳунарманду эҷодкор 165 ҳазор сомонӣ кумак ҷудо медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Мақомоти шаҳри Хуҷанд озмуни грантҳои раиси шаҳр барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманду эҷодкор барои соли 2022-ро эълон карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд.
Тибқи иттилои манбаъ, қарори мазкури раиси шаҳр дар ин бора ахиран ба тавсиб расид.
Тибқи ин санад, барои занон 40 грант ба маблағи умумии 165 ҳазор сомонӣ пешниҳод мешавад.
Толибон: Ҷумъа рӯзи тафреҳи мардон аст, на занон
Ба гуфтаи манбаъ, ин иқдом ба хотири бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ сурат мегирад.
Бояд зикр намуд, ки 40 гранти раиси шаҳри Хуҷанд барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор пешбинӣ шудааст: панҷ гранти ҳаштҳазорӣ, 10 гранти панҷҳазорӣ ва 25 гранти сеҳазорӣ.