ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Сардорони ситод ва сарситоди сохторҳои қудратии Тоҷикистон ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ баргузор карданд, хабар дод дафтари матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа вазъияти ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон баррасӣ шуда, таъкид гардидааст, ки қудрати дифоии мамлакат тақвият дода шавад.
Зикр шудааст, ки дар шароити авҷ гирифтани ҳар гуна зуҳуроту хатарҳои глобалӣ ва вазъи ноорому пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, хидматчиёнии ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, чун ҳарвақта ҳушёру зирак бошанд ва бо ҳамкориву ҳамгироии муштарак амниятро таъмин созанд.
Мақомдорони қудратии Тоҷикистон ҳамчунин аз мудофиаи ҳудудӣ ва омодагии захираҳои сафарбарӣ гуфта, омӯзиши ҳаматарафаи захираҳоро зарур донистаанд.
Вазорати мудофиа мегӯяд, таваҷҷуҳ асосан ба баргузории машғулиятҳо, ҷалби қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ, захираи шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, муайян намудани теъдоди мушаххаси онҳо, баланд бардоштани масъулият ва вазифаву уҳдадориҳои иштирокчиён дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг зоҳир гардидааст.
Сафарбарии техникаҳои хоҷагии халқ дар пойгоҳи тамоми комиссариатҳои ҳарбӣ, муҷаҳҳаз намудани нуқтаҳои идоракунӣ, ташкили пайвастаи дарсҳои соҳавӣ аз мавзуъҳои дигари ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ будаанд.
Дар ин мулоқот ҳамчунин таъкид шудааст, ки нерӯҳои Тоҷикистон дар размоишҳои тарҳрезишуда бо ҷалби сохторҳои дигар ва ҳамчунин муштаракан бо пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд иштирок намоянд.
Ин ҷаласа дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши таҳдидҳо аз қаламрави Афғонистон ҳушдор дода буданд.