ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Фармондеҳи толибҳо Сайид Ёқутшоҳ дар пайи даргирии шадиди толибҳо ва Ҷаҳаи муқовимати миллӣ дар водии Андароб кушта шуд.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон бо такя ба Ҷабҳаи муқовимат дар шабакаи "Telegram" хабар медиҳад.
Бино ба иттилои Ҷабҳаи муқовимат, Сайид Ёқутшоҳ дар натиҷаи задухӯрдҳо дар Андароби вилояти Бағлон ҳамроҳ бо 9 ҷангҷӯи дигар худ кушта шуд.
Шаш нафари дигар аз ҳамроҳони ӯ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳамроҳ бо чанд ҷасад аз ҷониби толибҳо бо чархбол берун бурда шуданд.
Дар маҷмуъ, дар пайи даргирии 20-соата дар водии Андароб аз ҷониби толибҳо ҳамроҳ бо фармондеҳ 13 нафар кушта ва 17 нафар захмӣ шуданд.
Гузориш мешавад, ки дар натиҷаи дафъи бомуваффақияти ҳамлаи толибҳо Ҷабҳаи муқовимат тавонист қаламрави таҳти назорати худро васеъ кунад, аммо номҳои мушаххаси шаҳракҳои дубора забтшуда оварда нашудаанд.
Ҳадди ақал маркази маъмурии вилояти Андароб то ҳол таҳти назорати толибҳост.
Ёдовар мешавем, ки рӯзе қабл расонаҳои Афғонистон аз кушта шудани 8 тан ва захм бардоштани 6 нафар дар пайи ин даргирӣ хабар дода буданд. Гуфта мешуд, ки аз ҷониби Ҷабҳа фармондеҳ Абдулматин кушта шуда, як тани дигар ҷароҳат бардоштааст.
Ин дар ҳолест, коршиноси умури Афғонистон Андрей Серенко таъкид кард, ки ҶБМ ба амалиёти ҷангӣ омодагӣ мегирад ва барномаи сиёсӣ таҳия мекунад.
Толибон низ ба гунае омодагии муқовиматгаронро пай бурдаанд ва тибқи гузоришҳо, ба Панҷшер ва Андароб ҳазорон нерӯи вижа фиристодаанд.
Аммо Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, на дар як нуқта, балки аз чаҳор гӯшаи Афғонистон ҳамалотро болои толибон оғоз хоҳад кард.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад.
Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.