Идораи омор: Нуфуси Афғонистон ба 34,3 миллион нафар расидааст

Муовини сухангӯи толибон гуфтааст, ки бароварди Идораи омор нишон медиҳад, ки мардон 51 дарсад ва занон 49 дарсад аз ҷамъияти Афғонистонро ташкил медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Инъомуллоҳ Самангонӣ, муъовини сухангӯи гурӯҳи толибон ахиран дар твитте навиштааст, тибқи иттилои Идораи омор, ҷамъияти Афғонистон ба 34,3 миллион нафар расидааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Аз ин шумор 17,5 миллион нафар ё 51 дарсадро мардон ва 16,8 миллион ё 49 дарсади дигарро занон ташкил медиҳанд.
Самангонӣ гуфтааст, ки аз кулли нуфуси Афғонистон 24,2 миллион нафар, ки 70,5 дарсад мешавад, рустонишинанд ва бақия шаҳрнишину кӯчӣ ҳастанд.
Масъуд аз табдили Афғонистон ба пойгоҳи амни террористон ва хатари он ба минтақа гуфт
Ба гуфтаи ин ниҳод, баровардаҳо дар соли 1401 (шамсӣ) нишон медиҳанд, ки 45,5 дарсади мардуми Афғонистон камтар аз 15 сол син доранд, 49,7 дарсад воҷиди шароити коранд ва 2,7 дарсади дигар болотар аз 64-сол син доранд.
Аммо Идораи омори Афғонистон дар мавриди чигунагии анҷоми ин баррасӣ чизе нагуфтааст.
Ин ҳисобҳо дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир нуфусшумории дақиқи аҳолии Афғонистон сурат нагирифтааст.