ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ҳайдер Бор, муовини мудири бахши занони Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар баёнияе гуфтааст, ки ахиран толибон бо тааҳҳудшиканӣ маҳдудиятҳое алайҳи занон ва духтарон эъмол кардаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар итинод ба расонаҳои афғонистонӣ.
Хонум Бор афзуд, ки акнун ба назар мерасад, толибон ба умеди ба даст овардани кумак ва эътирофашон аз тазоҳур ба бароварда сохтани хости аҳдкунандагон даст бардоштаанд.
Муовини мудири бахши занони Дидабони ҳуқуқи башар гуфт, кишварҳои донор, бахусус ИМА, Олмон, Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо ба амалкарди толибон вокуниш нишон доданд.
Вай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки манъи сафари раҳбарони аршади толибон ба хориҷро дастгирӣ намоянд ва аз баргузории мулоқотҳое, ки эътимод ба раҳбарияти гурӯҳро афзоиш медиҳанд, худдорӣ кунанд.
Ҳайдер гуфт, донорҳо бояд бо онҳое, ки аз ҳуқуқи занону духтарон дифоъ мекунанд, суҳбат кунанд.