ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Гарон шудани арзиши бензин зиндагии сокинни Фаронсаро ба мушкилӣ рӯ ба рӯ намудааст.
Вазири молия ва иқтисоди Фаронса Бруно Ле Мэр гуфт, барои миллионҳо фаронсавӣ болоравии нархи бензин ҳамарӯза мушкилоти зиёдеро ба бор меорад.
"Барои миллионҳо фаронсавӣ болоравии нархи бензин ҳамарӯза мушкилоти зиёдеро ба бор меорад, бахусус барои онҳое, ки нақлиёт дар ҷиҳати пешбурди рӯзгорашон истифода мешавад. Маълум аст, ки вазъи феълӣ ба ҳамватанон фишор меорад", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи вазир, Ҳукумати Фаронса дар робита ба болоравии қимати маводи сӯхт аз сокинон пуштибонӣ мекунад ва ҳар кореро, ки аз дасташ меояд, анҷом медиҳанд. Феълан ҳукумат барои як литр бензин 18 сент тахфиф эълон кардааст.
"Мо тамоми кори аз дастамон меомадаро мекунем, то мардуми худро дар қиболи афзоиши қимати энержӣ муҳофизат кунем. Мо нисбат ба дигар кишварҳои аврупоӣ бештар кор мекунем, тамоми кори аз дастамон меомадаро мекунем ва абзорҳои мавҷударо барои вокуниш ба он чӣ дар бозори энержӣ рӯй медиҳад, мутобиқ месозем", - қайд намуд Мэр.
Маврид ба зикр аст, ки нархи сӯзишворӣ дар Фаронса ҳафтаи гузашта ба ҳисоби миёна 14 сент боло рафта, ба ҳадди рекордӣ расидааст.
Нархи сӯзишвории дизелӣ ба 2,11 евро барои як литр, нархи бензини SP95 ба 1,96 евро барои як литр расидааст ва нархи бензини Super SP95 то 2,00 евро боло рафт.