Тоҷикистон мизбони Рӯзҳои синамои Беларус мешавад

Давоми 3 рӯз тоҷикистониён дар Душанбе ва минтақаҳо - аз Суғд то Хатлону Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон метавонанд филмҳои беларусиро тамошо кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Рӯзҳои синамои Беларус дар Тоҷикистон аз 30 март то 2 апрел баргузор мешавад, хабар дод дафтари матбуотии "Тоҷикфилм".
Ба иттилои манбаъ, давоми ин рӯзҳо дӯстдорони синамо дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ филмҳои беларусиро тамошо мекунанд.
Аз ҷумла 30 март ар кинотеатри "Рӯдакӣ"-и ноҳияи Файзобод филми "Замони ҷанг одам будан", 31 март дар кинотеатрҳои "Ватан" -у "Наврӯз"-и шаҳри Душанбе филми "Ахтарони осмони ҳафтум" пешниҳоди мухлисон мегарданд.
Инчунин 31 март дар Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд филми "Моҷароҳои Прантиш Вирвич", дар театри вилоятии шаҳри Хоруғ ва кинотеатри "Лоҳутӣ"-и шаҳри Бохтар филми "Қисмати тахрибкор" намоиш дода мешаванд.
"Оскар" ба Тоҷикистон меравад: дар кишвар ҷоизаи миллии синамо таъсис ёфт
Рӯзи 1 апрел тамошобинон метавонанд дар Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд ва дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови шаҳри Душанбе филми "Арвоҳи Киндервил", дар кинотеатри "Зебуннисо"-и шаҳри Душанбе филми "Қисмати тахрибкор" ва Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор филми "Моҷароҳои Прантиш Вирвич"-ро тамошо кунанд.
Ҳамчунин аз 30 март то 2 апрел дар Тоҷикистон рӯзҳои синамои Ӯзбекистон низ баргузор мешаванд.
Дар ин рӯзҳо дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ филмҳои истеҳсоли Ӯзбекистон пешниҳоди тамошобинон мегарданд, мегӯяд "Тоҷикфилм".
Аз ҷумла филмҳои "Хатсайри 101", "Ифтихори Нафиса", "Тӯйи якрӯза", "Асорат"-и офаридаи ҳунармандони Ӯзбекистон пешниҳоди тамошобинони Тоҷикистон мегарданд.