Ташкили мактаби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон мактаби сармоягузорие ба фаъолият шуруъ кард, ки самти фаъолияташ маблағгузории тарҳҳои нав ва ояндадор мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Аввалин Мактаби сармоягузории венчурӣ дар Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ фаъол шуд, иттилоъ дод хабаргузории "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, ташаббускори таъсиси мактаб муассисаи "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон" мебошад.
"Дар доираи ташаббуси мазкур сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба сармоягузорӣ намудани стартап-лоиҳаҳо дар Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд", - омадааст дар иттилоия.
Илова шудааст, сармоягузорони венчурӣ имкон медиҳад, ки теъдодои бештари стартап-лоиҳаҳо амалӣ карда шаванд.
Зикр гардидаст, ки соҳибкории хурду миёна дар аксари кишварҳои дунё маҳаки асосии рушди ҷомеа ва ташаккулдиҳандаи асосии ММД мебошад. Шумори зиёди шаҳрвандон низ дар бахши соҳибкории хурду миёна ба кор таъмин мебошанд.
Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД), шуғли аҳолӣ ва ташаккули буҷет зиёда аз нисфро ташкил медиҳад. Он дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ низ нақши муҳим дорад. Бинобар ин дар стратегияю барномаҳои рушди иқтисодии кишварҳо ба ин самт диққати хоса дода шуда, барои таъмини пешрафти он шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, чӣ монеи рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон шудааст
Тавзеҳ дода шудааст, сармоягузориҳои венчурӣ як навъи сармоягузорӣ ба стартап-лоиҳаҳое мебошад, ки дурнамои муваффақияти онҳо ҳанӯз маълум нест. Дар бисёри ҳолатҳо чунин стартапҳо ба тиҷоратҳои бузург табдил меёбанд.
Ин дар ҳолест, ки моҳи равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо масъулину коршиносони бахши сармоягузорӣ гуфт, нишондиҳандаҳои ин бахш нокифоя мебошанд.
Раисҷумҳур бо назардошти хавфу омилҳои манфии берунӣ ба мақомоти кишвар супориш дод, ки ташаббусҳои созандаи соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҷиҳати боз ҳам афзун намудани ҳиссаи бахши хусусӣ дар иқтисодиёт чораҳои иловагӣ андешанд.