ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон бар ин назар аст, ки музокироти Русия ва Украина дар Туркия натиҷаи қобили мулоҳизае нахоҳад дод, менависад РИА Новости.
Ба таъкиди ӯ, Русия бояд амалиёти вижаро анҷом диҳад ва миллатгароёнро маҳв кунад.
"Дар бораи гуфтушунидҳое, ки дар Туркия ҷараён доранд, фикр мекунам, ҳеҷ фоидае нахоҳанд овард. Ман боварӣ дорам, ки кори оғознамудаи худро то охир анҷом диҳем. Шайтону миллатгароёнро нест кардан лозим", - гуфтааст Қодиров.
Ёдовар мешавем, дар Туркия ҳамин ҳоло музокироти ҳайатҳои русия ва Украина ҷараён дорад.
Қабл аз оғози музокирот, президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо намояндагони ҳар ду кишвар суҳбат кард.
"Вақти он расидааст, ки музокирот натиҷа диҳад. Дар Туркия мо инро самимона таманно дорем ва омодаем кумак кунем. <...> Ин суҳбатҳо метавонанд дар сурат гирифтани музокироти Русия ва Украина саҳм гузоранд. Туркия омода онро ташкил кунад”, - афзудааст Эрдуғон.
Музокироти аввалини ҳайатҳо рӯзи 28 феврал дар вилояти Гомели Беларус баргузор шуд. Сипас намояндагони Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча ва 7 март дар вилояти Брест мулоқот карданд. Дар нимаи моҳи март тасмим гирифта шуд, ки вохӯриҳо ҳар рӯз ба таври ондайнӣ баргузор шаванд.
Музокирот дар ҳоле сурат мегирад, ки аз 29 феврал ба ин сӯ амалиёти низомии Русия дар Украина идома дорад. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".