ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ва кишвардори Фаронса Эммануэл Макрон музокирот дар Истанбулро натиҷагирӣ карда, вазъи Украинаро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Русия хабар медиҳад.
"Мубодилаи афкор дар бораи ҷанбаҳои мубрами рушди вазъ дар Украина, аз ҷумла бо назардошти даври навбатии музокироти намояндагони Русия ва Украина, ки имрӯз дар Истанбул анҷом ёфт, идома ёфт", — омадааст дар хабар.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода шуда, тамоми ҷинояткорон, масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербиноҳои низомӣ ва нирӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то 25 март, онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс гуфта мешавад.