ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Барои мулоқоти президентҳои Русия ва Украина, Владимир Путин ва Владимир Зеленский нахуст зарур аст, ки ҳайатҳои музокиракунандаи ҷонибҳо ба натиҷае даст ёбанд.
Дар ин бора Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия зимни суҳбат ба хабарнигорон ибрози назар кард.
Ӯ афзуд, феълан ҳич барномаи корие барои мулоқоти президентҳои Русия ва Украина дар назар нест.
"Мо бо умед музокироти навбатиро мунтазирем, ки созишҳо ҳосил шаванд, танҳо баъди ин метавон аз эҳтимоли мулоқоти Владимир Путин ва Владимир Зеленский суҳбат кард", - гуфт спикер.
Ӯ афзуд, дар ҳоли ҳозир мавқеи Киевро дарк накарда истодаанд ва ба ҷониби Украина маслиҳат дод, ки монанди Русия мавқеашро рӯи коғаз орад, то пешбарномае барои музокирот бошад.
Ба гуфтаи Матвиенко, мавқеи Киев тағйирёбанда буда, ҳар вақт иваз мешавад.
"Ман фикр мекунам, ин ба он далел аст, ки ҷаноби Зеленский дар тасмимгирию баёноташ мустақил нест", - изҳор дошт раиси Шӯро.
Аз ҷумла ӯ зикр намуд, ки Зеленский то ҳол ҳич гоҳ амали воҳидҳои миллатгарои украиниро маҳкум накардаасту шиканҷаи низомиёни русиягиро низ ҳамчунин.
"Ин ҷо ду гузина аст, ки ӯ ё ҳамфикр бо ин идеология мебошад ва ё аз гурӯҳҳои миллатгаро метарсад", - илова намуд Матвиенко.
Ин дар ҳолест, ки музокироти навбатии Киев ва Маскав дар шаҳри Истанбул ҷараён дорад. Матвиенко мегӯяд, ба музокирот ба умед менигарад, аммо дар ҷиҳати натоиҷи он хушбин нест.
Гуфтушунидҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти низомии Русия дар Украина идома дорад. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.