ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар суханронии президент таҳқири шахсӣ ҷой дошта наметавонад. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар суҳбат бо хабарнигорон изҳори назар кард.
"Таҳқири шахсӣ наметавонад дар муносибатҳои сарони давлатҳо осори худро нагузорад", - қайд кард Песков.
Ӯ афзуд, ки суханронии шадид ҳатман таъсири манфӣ дорад.
Ба ин тартиб сухангӯи Кремл ба суоли намояндагони расонаҳо дар бораи изҳороти тунди ахири раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден алайҳи раҳбари Русия Владимир Путин посух дод.
Ба Қасри Сафед лозим омад, ки барои суханони бепарвоёнаи президент баҳона пайдо кунад. Аксари нашрияҳои амрикоӣ қайд кардаанд, ки дар матни ниҳоии суханронии Байден изҳороти иғвоангезе вуҷуд надошт ва ёварони раисҷумҳури Амрико аз импровизатсияи ӯ дар ҳайрат монданд.
Чунин рафтор, ба гуфтаи Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия, хоси "шахси заиф ё бемор" аст. Вай таъкид кард, ки амрикоиҳо бояд аз президенти худ шарм кунанд.
Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки Байден дар бораи Путин изҳороти тунд мекунад.
Ҳамин тавр моҳи марти соли 2021 раиси Кохи Сафед раҳбари Русияро дар дахолат ба интихоботи Амрико муттаҳам кард ва инчунин як рӯзноманигореро, ки пурсид, оё раҳбари Русияро қотил номидан мумкин аст, таъйид намуд.
Баъдан маълум шуд, ки раисҷумҳури ИМА ҳамон шом ба Путин занг зада, барои ҳарфҳояш узрхоҳӣ кардааст.