ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Пардохти ҳаққи гази Русия танҳо бо рубл имконпазир аст, изҳор дошт сухангӯи президенти ФР Дмитрий Песков.
"Ширкатҳо бояд тағйироти омилҳои бозориро дарк кунанд, фаҳманд, ки вазъият комилан иваз шудааст, дар шароити ҷанги иқтисодие, ки алайҳи Русия роҳандозӣ гардидааст", - гуфт Песков.
Намояндаи Кремл дар ин зимн таъкид намуд, ки ширкатҳо бояд ба ивази пули худ, аз ҷумла евро ва доллар рубл бихаранду бо он пули газро пардохт намоянд.
Песков афзуд, амалан чизе тағйир намеёбад, аммо тафсилоти дастури президент таҳлил мегарданд, то низом содаю шафоф ва барои харидорони аврупоию байналмилалӣ иҷрошаванда бошад.
"Русия шарики боэътимод дар масъалаи таъмини манобеи энержӣ буд, ҳаст ва дар назар дорад, ки чунин бимонад. Русия манфиатдор аст, ки газашро фурӯшад", - афзуд сухангӯи президент.
Вай изҳори бовар намуд, ки пешниҳоди Русия дар бозори газ аз рӯи нарх, таъминот ва муътамадӣ беҳтарин аст.
"Гузинаи дигаре барои гази Русия вуҷуд надорад. Ҳамаи интихобҳои дигар бадтар мебошанд", - илова намуд сухангӯи раисҷумҳури Русия.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба кабинаи вазирон, Бонки марказӣ ва "Газпром" то 31 март муҳлат дод, ки фурӯши газро аз асъор ба пули миллӣ гузаронанд.
Ӯ гуфт, ин иқдом нисбати кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳое амалӣ мешаванд, ки алайҳи Русия маҳдудият ҷорӣ кардаанд.
Иван Абрамов, муовини раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсия изҳор дошт, ки даст кашидани кишварҳои G7 аз харидории газ бо рубли русӣ бечунучаро ба қатъи интиқоли газ мунҷар мешавад.
"Агар ин кишварҳо аз харидани газ бо рубл худдорӣ кунанд, ин ҳатман боиси қатъи интиқоли он мешавад. Мо мавзеъгирии мушаххас дорем", - гуфт ӯ.
"Агар шарти мо бо рубл пардохт кардан бошад, пас ин маънои онро дорад, ки бояд бо рубл пардохт кунед. Онҳо барои харидани рубл имкони кофӣ доранд, метавонанд ин корро дар ҳар биржа билофосила анҷом диҳанд", - гуфт Абрамов.
Дар идома ӯ гуфт, Русия шартҳои ғайривоқеӣ намегузорад ва ҳамчунин наметавонад газро ройгон таъмин кунад.