ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Лағви низоми ниқобпӯшӣ дар бархе минтақаҳои Русия бар асоси вазъи феълии эпидемиологӣ роҳандозӣ шуд, изҳор дошт ноиби мудири Пажуҳишгоҳи илмии эпидемиологии "Роспотребнадзор" Наталя Пшеничная.
"Мо мебинем, ки дар бархе минтақаҳо ҳукуматҳои маҳаллӣ ниқобпӯширо бекор кардаанд, ки бар вазъи феълӣ дар минтақа асос ёфтааст. Албатта, ин қарор дар ҳар лаҳза метавонад тағйир дода шавад, агар нишондодҳо бадтар шаванд", - гуфт Пшеничная аз тариқи телевизиони "Россия-24".
Ахиран роҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова изҳор дошт, ки дар Русия коронавирус поён наёфтааст ва вазъро набояд анҷомёфта ҳисобид.
"Чизе анҷом наёфтааст. Вазъро феълан хатмшуда набояд ҳисоб кард. Ҳар боре дар ҷое ба таври назаррас чораҳо зидди ин беморӣ заиф шаванд, мо рушдро мушоҳида мекунем", - гуфт ӯ Попова.
Ӯ афзуд, нишондоди паҳншавии коронавирус дар минтақаҳое, ки маҳдудиятҳоро бардошта истодаанд, бештар мебошад.
Ин дар ҳолест, ки дар Маскав аз 15 март пӯшидани ҳатмии ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ лағв гардид.
"Беҳбуди вазъи эпидемиологӣ ба мо имкон медиҳад, ки қарори деринтизорро қабул кунем", - тавзеҳ дод шаҳрдори Маскав Сергей Собянин.
Аммо Анатолий Алтштейн, профессори вирусшинос мегӯяд, коронавирус гум нашудааст ва сокинони Маскав бояд пӯшидани ниқобро идома диҳанд.
Ӯ дар мавриди лағви низоми ниқобпӯшӣ таъкид намудааст, ки низом вақте ҳисобида мешавад, ки давлат назорат мекунад, ҳушдор медиҳад, ҷарима мекунад.
"Аммо чораҳои зиддиэпидемикӣ аҳамияташонро нигоҳ медоранд, одамон бояд ниқоб пӯшанд, фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доранд ва дастҳояшонро шӯянд. Чун эпидемия давом дорад, афроди огоҳ бояд риояи ин меъёрҳоро идома диҳанд", - гуфт Алтштейн.