Ҳуҷуми толибҳо ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар водии Андароб

Ин муқовимат мунҷар ба кушта шудани нерӯҳои ҳар ду ҷониб шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Толибҳо ба мавқеъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки таҳти раҳбарии писари Аҳмадшоҳи Масъуд аст, дар водии Андароб ҳамла кардаанд.
Дар ин бора Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки задухӯрд бо вуруди ҷангҷӯёни гурӯҳи толибон дар наздикии деҳаҳои Хайрдара ва Косатароши Андароби вилояти Бағлон, аз баландиҳо оғоз шудааст, менависад шабакаи "Telegramm"-и Sputnik Афғонистон.
Манбаъ афзуда, ки дар пайи ин ҳамалот толибон тавонистаанд ба муваффақияти тактикӣ ноил шаванд, аммо пас аз расидани нерӯҳои ҷабҳа ақибнишинӣ кардаанд.
Бо вуҷуди ин тирпарронӣ ҳанӯз идома дорад.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Даври нави ҷанги шаҳрвандӣ: дар Панҷшер чӣ мегузарад?
Дар натиҷаи ин задухӯрд ҳашт толиб кушта шуда, 6 тани дигар захмӣ шудааст.
Аз тарафи Ҷабҳаи муқовимат фармондеҳ Абдулматин кушта шуда, як тани дигар ҷароҳат бардоштааст.
Ин дар ҳолест, коршиноси умури Афғонистон Андрей Серенко таъкид кард, ки ҶБМ ба амалиёти ҷангӣ омодагӣ мегирад ва барномаи сиёсӣ таҳия мекунад.
Толибон низ ба гунае омодагии муқовиматгаронро пай бурдаанд ва тибқи гузоришҳо, аз Панҷшер ва Андароб ҳазорон нерӯи вижа фиристодаанд.
Аммо Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, на дар як нуқта, балки аз чаҳор гӯшаи Афғонистон ҳамалотро болои толибон оғоз хоҳад кард.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад.
Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.