Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Умеди Лавров аз музокирот дар Истанбул ва назараш дар мавриди мулоқоти Путину Зеленский

Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, Маскав ҷонибдори музокирот бо Киев буда, изҳори умед кард, ки дар шаҳри Истанбул дастовардҳое ҳосил мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Русия ҳавасманд аст, ки музокироти Маскав бо Киев бомуваффақият анҷоманд, изҳор дошт вазири умури хориҷии ФР Сергей Лавров.
Вазир ҳавасмандияшро ба натиҷае баён дошт, ки барои Маскав усулӣ мебошад.
"Пеш аз ҳама ин қатъи куштори шаҳрвандони мулкии Донбасс мебошад, ки 8 соли дароз давом кард", - изҳор дошт Лавров.
Вай таъкид намуд, ки ин куштор дар ҳоле рух медод, ки тамоми ҷомеаи мутараққии ғарбӣ онро нодида мегирифт.
"Ҷомеаи ғарбӣ хомӯш буд, ҳатто боре ҳам садо баланд накард, гарчанде ҳама медиданд, ки чӣ гуна инфрасохтори мулкӣ, беморхона, кӯдакистонҳо ва биноҳои истиқоматӣ ҳадафи бомбборон қарор мегиранд", - гуфт вазир.
Ӯ дар шарҳи мулоқоти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ҳамтои украинияш Владимир Зеленский гуфт, ин дидор замоне сурат мегирад, ки тавофуқот ҳосил шаванд.
Мулоқоти мазкур дар сурате зарур аст, ки дар масъалаи Донбасс, ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина мувофиқа ҳосил шавад, афзуд Лавров.
Ин дар ҳолест, ки Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия низ дар пайи музокироти Истанбул мулоқоти Путин ва Зеленскийро истисно карда, онро ба адами тавофуқот рабт дод.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лондон гуфт, барои чӣ ба Киев тонкҳои Бритониё кумак намекунанд
Гуфтушуниди навбатии ҳайати Русия ва Украина 29 март дар шаҳри Истанбули Туркия дар назар аст.
Музокирот дар ҳоле сурат мегирад, ки аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти низомии Русия дар Украина идома дорад. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.