Тошканд гуфт, фурудгоҳи Мазори Шариф ба фаъолият шуруъ кард

Мақомоти Ӯзбекистон, ки дар фаъолсозии фурудгоҳи шаҳри Мазори Шариф кумак мекунанд, изҳор медоранд, ки ин майдони ҳавоӣ то август пурра бозсозӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Фурудгоҳи Мазори Шариф, калонтарин шаҳри шимоли Афғонистон ба қабулу гусели ҳавопаймоҳо оғоз кардааст.
Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли намояндаи Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар додааст.

"Мусоидати мутахассисони мо барои барқарорсозии фурудгоҳи Мазори Шариф идома дорад. Феълан майдони ҳавоӣ ба қабулу гусели ҳавопаймоҳо оғоз кардаст. Барқарорсозии пурраи фурудгоҳ то 1 август анҷом меёбад", - изҳор доштаст манбаъ.

Таъкид шудааст, ки то ҳол ҷониби Ӯзбекистон беш аз 20 мутахассиси Афғонистонро дар бахши идораи ҳаракати ҳавоӣ омода карда, дар худи фурудгоҳ иваз кардани таҷҳизоти аэронавигатсионӣ идома дорад.
Қаблан Исматулло Иргашев, намояндаи махсуси Ӯзбекистон дар умури Афғонистон дар музофоти Балх ба намояндагони ҳукумати нав дар ин кишвар фаъолсозии фурудгоҳро ваъда карда буд.
"Моро даъват карданд, ки кори фурудгоҳро барқарор кунем, таҷҳизоти вайроншударо таъмир намоем. Мо ба Афғонистон 30 корманди техникӣ овардем, ки онҳо фурудгоҳро барқарор хоҳанд кард", - изҳор дошта буд Иргашев.
Масъуд аз табдили Афғонистон ба пойгоҳи амни террористон ва хатари он ба минтақа гуфт
Намояндаи Ӯзбекистон афзуд, ки Тошканд ба Афғонистон дар бахшҳои дигар низ, аз ҷумла соҳаҳои инфрасохторӣ кумак хоҳад кард.
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон зимни шарҳи ҳамкорӣ бо Афғонистон татбиқи лоиҳаҳои инфрасохториро муҳим хонда, аз ҷумла лоиҳаи роҳи Тирмиз - Пешоварро муфид арзёбӣ кард. Ӯ дар мулоқот бо сарвазири Покистон Имрон Хон дар шаҳри Исломобод муҳим донист, ки толибҳо барои даст ёфтан ба эътирофи байналмилалӣ талаботи ҷомеаи ҷаҳониро бояд қонеъ кунанд.
Толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба таҳсилу кор эҳтиром қоил шаванд.