Рейтинги тасдиқи кори Байден поин рафт

Рейтинги мақбули президент то 40 дарсад поин рафтааст. Наздики 55 дарсади пурсидашудагон аз кори ӯ комилан норизоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Миёни шаҳрвандони Амрико назарпурсӣ бобати баҳогузорӣ кардан ба кори кишвардор Ҷо Байден сурат гирифт.
Беш аз нисфи шаҳрвандони ИМА, ки дар назарпурсӣ ширкат кардаанд, бар ин боваранд, ки ин кишвар ба таназзули дарозмуддат шуруъ хоҳад кард ва ин боиси аз даст додани мавқеи пешсафии ин кишвар дар ҷаҳон мешавад, менависад NBC "News".
Аз иштирокчиён пурсида шуд, ки вазъияти ҳозираи ИМА-ро "давраи душвор" мешуморанд ё "оғози таназзули дарозмуддат, ки дар он Амрико дигар пешрафти ҷаҳон нахоҳад шуд?".
Ҳудуди 53 фисади иштирокчиён ҷавоби дуюмро интихоб карданд. Танҳо 44 дарсади пурсидашудаҳо ба ин назаранд, ки ҳоло як давраи душвор аст.
Боз иштибоҳ: Байден номи шаҳри Мариуполро фаромӯш кард
Пурсиш аз 18 то 22 март давом кард ва дар кори он 1000 нафар иштирок доштанд. Аз ин миён 750 нафарашон ба воситаи телефон посух доданд.
Зимнан аз амрикоиҳо пурсида шуд, ки эътимоди онҳо ба тавоноии президент дар вокуниши дуруст ба авзоъ дар атрофи Украина чӣ гуна аст. Танҳо 12 дарсад ба Ҷо Байден эътимоди комил доранд, 27 дарсад то андозае эътимод доранд ва 44 дарсад хеле кам бовар доранд.
Ҳамин тариқ, рейтинги тасдиқи кори Байден то 40 дарсад поин рафтааст ва 55 дарсади пурсидашудагон аз аъмоли ӯ комилан розӣ нестанд.