ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон гуфт, озодии комили шаҳри Мариупол аз идораи Бандерҳо наздик аст.
Қодиров дар "Telegram" навишт: “Озодии пурраи Мариупол аз пайравони Бандера наздик аст”.
Роҳбари Чеченистон наворҳои сарбозони чечен дар Мариуполро нашр кард, ки онҳо меҷанганд, сипас як бинои бисёрошёнаро хона ба хона ҷустуҷӯ карда ва бо парчами Чеченистон болои бом мебароянд.
"Низомиёни рус биноҳои Мариуполро аз дасти гурӯҳҳои фашистӣ озод мекунанд. Сарбозон бо қатъият, сахтгирона ва зуд амал мекунанд. Ҳар як бинои баландошёна то бом тафтиш карда мешавад", - навиштааст ӯ.
Дар замони эълони ҶМД дар соли 2014 Мариупол, ки ҳудуди 450 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, пас аз Донетск дувумин шаҳри бузурги ин ҷумҳурӣ буд. Аммо дар моҳи июни ҳамон сол нерӯҳои амниятии Украина назорати Мариуполро дубора ба даст оварданд ва канораҳои шарқии он ба яке аз гармтарин маконҳои даргирӣ дар Украина табдил ёфт.
7 марти соли 2022 Александр Семёнов, муовини фармондеҳи гурӯҳи “Восток”-и ҶМД гуфт, ки шаҳр муҳосира шуда, поксозии бархе аз навоҳии он шуруъ шудааст. Холо дар шаҳр муҳорибаҳо барои озодкунӣ давом доранд. Дар байни воҳидҳои дигари украинӣ дар шаҳри Мариупол як полки миллатгароёни “Азов” мавҷуд аст, ки алайҳи низомиёнаш дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.