ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар нишасти комиссияи “Русияи Воҳид” дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳимоят аз ҳамватанони бурунмарзӣ дар Русия гуфт, кишварҳои ғарбӣ дар равобит бо Русия аз “авбошии давлатӣ” кор гирифтаанд.
"Кишварҳои ғарбӣ дар равобиташон бо Русия аз “авбошии давлатӣ”, аз мусодираи моликияти хусусӣ, даст кашидан аз уҳдадориҳои худ дар бахши молия ва иқтисодӣ кор гирифтаанд", - гуфт вазир.
Ёдовар мешавем, ки аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти низомии Русия дар Украина идома дорад. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.