Ҳавосанҷон ҳавои рӯзҳои охири моҳи март дар Тоҷикистонро пешгӯӣ карданд

Ҳафтаи равон гарм хоҳад буд, аммо қариб дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бориш дар шакли борон ва ҳатто барф пешбинӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Ҳафтаи охири моҳи март ҳаво тоҷиконро ҳам бо боришот ва ҳам бо гармӣ ба ҳайрат меорад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Рӯзҳои сешанбе, шанбе ва якшанбе дар шаҳри Душанбе борон дар назар аст.
Ҳадди ниҳоии ҳарорати ҳаво дар пойтахт нимаи дуюми рӯзи 1 апрел аст, ки гармо то ба 25 дараҷа мерасад.
Рӯзҳои боқимонда офтобӣ, баъзан абрнок аз +18 то +22 дараҷа ва шабона аз +9 то +11 дараҷа гарм мешаванд.
Чунин ҳаво дар шаҳри Ваҳдат ва дар саросари ноҳияҳои тобеи марказ низ ба мушоҳида мерасад.
Марти мисли баҳори ҳудуди 40 сол пеш: сокинони Тоҷикистонро баҳори серун интизор аст
Дар шимоли кишвар дар Хуҷанд ва тамоми қаламрави Суғд ҳаво абрнок шуда, бебориш мешавад. Рӯзҳои 29 март ва 2 апрел борон дар назар дошта шуда, ҳарорати рӯз то 14 дараҷа гарм мешавад.
Баъзан шамол дар як сония то 15 метр мевазад. Дар рӯзҳои дигар ҳаво гарм мешавад - рӯзона то 24 ва шабона тақрибан 10 дараҷа.
Аз 28 то 29 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барф меборад ва ҳарорати ҳаво тақрибан 9 дараҷа гарм мешавад.
Дар давоми ҳафта дар минтақа бебориш, рӯзона аз 14 дараҷа ва шабона аз -1 то +5 дараҷа гарм мешавад.
Дар охири ҳафта, рӯзи якшанбе дар ВМКБ боз барф меборад, боришот ба 3 мм мерасад.
Вилояти Хатлон гармтарин дар кишвар аст. Ҳарорати баландтарин рӯзи панҷшанбе +26 дараҷа, рӯзҳои дигар +19 дараҷа ва шабона +10 дараҷа мешавад. Дар ҷануби Тоҷикистон боришот дар назар нест.