ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Нахустин видеои фурудгоҳи Мариупол пас аз озод шудани он аз нерӯҳои украинӣ пайдо шуд. Хатти парвоз дар хандақҳо ва кратерҳо, деворҳои мозаикӣ бо нақшаҳои Ленин дар терминали беодам, тирезаҳои шикаста, манораи вайроншудаи идоракунӣ - ҳоло фурудгоҳи Мариупол чунин манзара дорад.
Дар фурудгоҳ ягон ҳавопаймо нест, хатти парвоз қариб солим аст, танҳо бетонҳо каме тахриб шудаанд. Дар назди хатти парвоз хандақҳо намоёнанд.
Терминали фурудгоҳ холист, дар деворҳои он мозаика аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст.
Мариупол тадриҷан таҳти назорати қувваҳои мусаллаҳи ҶМД ва сарбозони Русия қарор мегирад, низомиёни украинӣ ва миллатгароён либоси занона ба бар карда, шаҳрро ба ҳамин восита тарк мекунанд.
Дар замони эълони ҶМД дар соли 2014 шумораи аҳолии Мариупол тақрибан 450 ҳазор нафар буд. Он дувумин шаҳри бузурги ин ҷумҳурӣ пас аз Донетск буд. Аммо нерӯҳои амниятии Украина тавонистанд назорати Мариуполро дубора ба даст оваранд ва пас аз он манотиқи шарқии он ба макони даргириҳои шадид дар Украина табдил ёфтанд.