Трамп мегӯяд, Байден орзуи амрикоиро кушт

Ба бовари кишвардори собиқи Амрико, зарари Байден ба ин кишвар дар 15 моҳ ба ҳадде ҳаст, ки панҷ раисҷумҳури бадтарини собиқ якҷоя ин қадар зиён наовардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико гуфт, ҳукумати феълӣ дар робита ба авзои Украина, афзоиши таваррум, болоравии нархи бензин гунаҳкор аст ва раисҷумҳур Ҷо Байден "орзуи амрикоӣ"-ро куштааст.

"Агар панҷ президенти бадтарин дар таърихи Амрикоро якҷоя кунед ва онҳо дар тӯли 15 моҳ ба қадри Ҷо Байден зарар наовардаанд. Дар як сол ӯ орзуи амрикоиро кушт", - гуфт Трамп дар як роҳпаймоӣ дар Коммерс.

Ӯ қайд намуд, ки агар дар Қасри Сафед мебуд, дар Украина чунин вазъ рух намедод.
Дар идома Трамп аз кори Байден сахт интиқод кард ва ӯро "падарлаънат" гуфт.
"Демократҳо дар иқтисод бад ҳастанд, дар таваррум даҳшатноканд, дар масъалаи Украина ҳам бад ҳастанд, ҳеҷ гоҳ ин набояд рух медод", - гуфт Трамп.
Вай он чиро, ки дар атрофи Украина рух медиҳад, бо нокомиҳои Амрико дар хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон рабт дод.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Мушовири собиқи Трамп ҳақиқатро дар бораи ташхисгоҳҳои биологии Украина ошкор мекунад
Ӯ тахмин зад, ки "Владимир Путин (раисҷумҳури Русия) ба ҳамаи ин нигариста гуфтааст: Худоё, ин одамон нотавонанд".
Ба гуфтаи Трамп, Амрико дар равобит бо НАТО низ мушкилот дорад.
“Ин мардум ба намояндагии мо бовар надоранд".
Трамп Байденро дар бораи таваррум ва нархи бензин хотиррасон кард. Раҳбари Чин Си Ҷинпин, ба гуфтаи ӯ, пас аз дидани ҳодисаҳо ва "роҳбарии заиф"-и Иёлоти Муттаҳида хулоса мебарорад.
"Тайван дар навбат аст... Имконияти ҳамла ба Тайван бештар аст", - гуфт Трамп.