Толибон монеи парвози занон дар фурудгоҳи Кобул мешаванд

Даҳҳо зан рӯзона ба далели надоштани маҳрам аз сафар ба берун аз кишвар маҳрум мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Як манбаъ ба расонаҳо гуфт, занҳо шоҳиди бозгашти чаҳор хонум аз фурудгоҳи Кобул шудаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Манбаъ афзуд, ҳарчанд ин занҳо тамоми асноди сафарро доштанд, аммо толибон, ки назорати фурудгоҳро дар даст доранд, ба онҳо иҷозаи сафар надодаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳоле ки ин занҳо бо як узви хонавода буданд, нерӯҳои толибон дар фурудгоҳ баҳс карданд, ки ин узви хонаводаро маҳрам хондан ғайриимкон аст.
Дар ҳамин ҳол иддае аз масъулони фурудгоҳи Кобул таъйид мекунанд, ки намояндагони гурӯҳи толибон дирӯз ба даҳҳо зан иҷозаи сафар надодаанд.
Толибон: Ҷумъа рӯзи тафреҳи мардон аст, на занон
Ба гуфтаи мақомот, шуморе аз ин занон, ки ҳамзамон шаҳрвандони хориҷӣ буданд, иҷозаи парвозро надоштанд.
Ин дар ҳолест, пеш аз ин Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон дастур дода буд, ки занон бидуни маҳрам беш аз 72 километр сафар карда наметавонанд.