ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Русия ба Украина то ҳол наздики 5 300 тонна бори башардӯстона интиқол додааст.
Дар ин бора генерал-полковник Михаил Мизинтсев, раиси Маркази назорати миллии дифои Федератсияи Русия хабар дод.
"Аз 2 март Федератсияи Русия ба Украина 5298 тонна бори башардӯстона ворид кард. 645 амали башардӯстона, аз ҷумла дар давоми 28 рӯзи охир дар ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, вилоятҳои Киев, Харков ва Херсон сурат гирифт, ки дар ҷараёни он ба аҳолии осоишта 255 тонна маводи ғизоӣ, либос, маводи гигиенӣ ва доруворӣ супурда шуд", - афзуд Мизинтсев.
Ба таъкиди ӯ, рӯзи шанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Луганск, вилоятҳои Чернигов ва Херсон 13 иқдоми башардӯстона роҳандозӣ гардид, ки дар ҷараёни он 110 тонна маводи зарурӣ ва бастаҳои ғизоӣ, аз ҷумла ғизои кӯдакон ва доруҳои ҳаётан муҳим ба аҳолӣ интиқол дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.