ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар Душанбе ду ҷавони 19 ва 22-сола барои паст задани шаъну шарафи ду духтар боздошту ҳабс гардидаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ҷавонон ба ду духтари 20 ва 25-сола дар боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дарафтода, бидуни асос онҳоро таҳқир ва шаъну шарафашонро паст задаанд.
Манбаъ меафзояд, духтарони таҳқиршуда аз кормандони ин ниҳод дархост намудаанд, ки алайҳи озордиҳандаҳои онҳо чораҷӯӣ сурат гирад.
Дар ҳамин ҳол кормандони милисаи пойтахт гумонббаронро муайян ва дастгир намудаанд.
Ҳар дуи онҳо донишҷӯ буда, дар шаҳри Душанбе иқомат мекунанд. Нисбати онҳо тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Дар асоси қарори суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъйин шуд.