ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Тоҷикистон ҳаҷми муомилоти мол бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро афзоиш додааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар додааст.
Ҳамин тариқ дар ду моҳи аввали соли 2022 ҳаҷми муомилоти мол нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 47,1 фоиз афзуд.
"Ҳаҷми умумии табодули коло миёни Тоҷикистон ва кишварҳои МДМ дар ин муддат 602,2 миллион долларро ташкил дод, яъне ин мизон ба 52,7 дарсади гардиши молии кишвар бо кишварҳои ИДМ баробар аст", — хабар медиҳад Вазорати рушди иқтисод.
Тибқи маълумоти ахир, муомилоти мол бо 6 кишвари ИДМ, аз ҷумла бо Туркманистон 6,1, бо Русия 1,7 ва Беларус 1,6 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин муддат муомилоти мол бо Озарбойчон, Арманистон, Молдова ва Қирғизистон кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон шарикони асосии тиҷоратӣ бо кишварҳои ИДМ ба ҳисоб мераванд.
Ҳаҷми муомилоти мол бо Русия дар ду моҳи соли ҷорӣ беш аз 242,5 миллион, бо Қазоқистон беш аз 235,9 миллион ва бо Ӯзбекистон беш аз 93,7 миллион долларро ташкил додааст.
Қобили зикр аст, ки тавозуни савдои ҷумҳурӣ бо кишварҳои ИДМ манфӣ буда, воридоти молҳо нисбат ба содирот беш аз 3,3 баробар зиёд будааст.
Дар маҷмуъ ба ин кишварҳо ба маблағи беш аз 137,1 миллион доллар коло содир шуда, беш аз 465 миллион доллар ба кишвар ворид шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон то охири соли 2021 додугирифти худро бо кишварҳои ИДМ ба сатҳи рекордӣ расонд. Ҳаҷми он беш аз 2,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 28 фоиз зиёд аст.