Пешниҳоди маблағгузории бештар дар Русия барои мутобиқсозии муҳоҷирон

Маблағгузории кам ва раванди сусти вуруди тағйирот ба қонунгузории Русия аз монеаҳои мутобиқшавии муҳоҷирон дар кишвар арзёбӣ шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Барои мутобиқсозии фарҳангию иҷтимоии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия роҳандозии як баста чорабиниҳо зарур аст, изҳор дошт роҳбари Ожонси федералии умури миллатҳо Игор Баринов.
Ӯ зимни ҷаласаи кумитаи соҳавии Думаи давлатии Русия бархе иқдомро ном бурд, ки ба гуфтааш, бояд амалӣ шаванд.

"Аз як тараф бояд инфрасохтор фароҳам шавад: ин марказҳои фарҳангию иҷтимоӣ барои мутобиқсозии муҳоҷирон мебошад. Дуюм, ба минтақаҳо имтиёз бояд дод, то чунин корҳо роҳандозӣ шаванд. Сеюм, ин тағйири қонунгузорӣ мебошад", - гуфт Баринов.

Роҳбари Ожонси федералии умури миллатҳо гуфт, ниҳоди таҳти идорааш феълан сари тағйирот ба қонунгузории Русия кор карда истодааст.
Ӯ илова намуд, ки Вазорати умури дохилии Русия лоиҳаи бузургеро таҳия мекунад, аммо феълан маълум нест, ки он кай қабул хоҳад шуд. Баринов зарур хонд, ки вазъ чораҳои таъхирнопазирро талаб дорад.
Мақомдор изҳор дошт, соли 2021 дар Русия ҳудуди 1 ҳазор чорабинӣ баргузор шуд, ки ба мутобиқшавии фарҳангию иҷтимоии шаҳрвандони хориҷӣ равона шудаанд.
Барои амалишавии ин лоиҳаҳо ҳудуди 29,5 млн. рубл ҷудо гардидааст, ки ба гуфтаи Баринов, кофӣ нест, чун мушкилот дар ин бахш зиёданд.
Хатсайр ҳаст, интизори оромием. Муҳоҷирон аз боз шудани марз бо Русия истифода мекунанд?
Вай ба вакилони Думаи давлатии Русия муроҷиат карда, хостори афзоиши маблағгузории бахши мутобиқсозии муҳоҷирон шуд.
"Мавзуъ калидӣ аст ва ин ҷо пуштибонии шумо зарур аст, то вазъият тағйир дода шавад", - изҳор дошт роҳбари Ожонси умури миллатҳои Русия.
Қаблан Шӯрои амнияти Русия изҳор карда буд, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ таҳдид барои ин кишвар мебошанд. Масъулин мегӯянд, афроде, ки дар Русия ғайриқонунӣ ҳузур доранд, метавонанд ба аъмоли хатарзо даст зананд.
Дар навбати худ президенти Русия Владимир Путин изҳор карда буд, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои нақзи қонун ва зуҳури ифротгароӣ бояд аз ин кишвар хориҷ карда шаванду вуруди минбаъдаи онҳо мамнуъ гардад.