Ситоди кулл: амалиёти вижаи Русия дар Украина то охир идома меёбад

Ситоди кулли артиши Русия эълон кардааст, ки амалиёти вижа дар Украина то анҷоми тамоми ҳадафҳо идома хоҳад ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Сергей Рудской, муовини аввали раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия ахиран дар як нишасте дар шаҳри Маскав гуфт, амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина то охир идома меёбад.
Генерали рус гуфт, ки "артиши Русия амалиёти вижароро то анҷоми тамоми вазифаҳои гузошташуда аз сӯйи сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ идома медиҳад".
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Расонаҳои ғарбӣ: "Азов" нозӣ нест, зеро он ғайриолмонист
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.