ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои австриягияш Александр Ван дер Белленро бо 30-юмин солгарди равобити дипломатӣ миёни ду кишвар шодбош гуфт.
Дар ин бора дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Беллен изҳор доштааст, ки Австрияро яке аз шарикони муҳим ва боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.
Вай бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳу раванди рушди муносибатҳои дӯстӣ, идомаи муколамаи сиёсии миёни ду кишварро, аз ҷумла дар сатҳи олӣ ба манфиати тарафайн донистааст.
"Итминон дорам, ки талошҳои муштарак дар роҳи тавсеаи муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои гуногунсамт бо дарназардошти мавҷудияти имкониятҳои фаровони ду кишвар натиҷаҳои дилхоҳ ба бор хоҳанд овард", - омадааст дар паёми Раҳмон.
Александр Ван дер Беллен дар номаи шодбошияш унвонии Эмомалӣ Раҳмон изҳор кардааст, ки муносиботи Австрия ва Тоҷикистон дар тӯли 30 соли сипаришуда дар асоси усули эҳтироми ҳамдигар ва дар маҷрои дӯстӣ рушд ёфтаанд.
"Тайи солҳои охир занҷираи муҳими онҳоро ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ташкил медиҳад", - таъкид кардааст президенти Австрия.
Ӯ изҳори умед намудааст, ки дар соли ҷашнӣ бо саъйю талошҳои муштарак ҳамкории Тоҷикистону Австрия дар бахши сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ тавсеа хоҳанд ёфт.