Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вазорати дифоъ: Дар амалиёти вижа дар Украина 1351 сарбози Русия кушта шуд

Генерали артиши Русия зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар амалиёти вижа дар Украина 1351 сарбози Русия кушта ва 3825 нафари дигар захмӣ шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар ҷараёни як амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина 1351 сарбози рус кушта ва 3825 нафар дигар захмӣ шуданд, гуфт ахиран дар брифинге дар шаҳри Маскав муовини аввали раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия, генерал-полковник Сергей Рудской.
“Мутаассифона, дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар миёни ҳамсафони мо талафот дида мешавад. То имрӯз 1351 нафар аз сарбозон ҷон бохта, 3825 нафари дигар захмӣ шудаанд", - гуфт генерали рус.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Расонаҳои ғарбӣ: "Азов" нозӣ нест, зеро он ғайриолмонист
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.