Дар расонаҳо харитаи нави Украина пайдо шуд

ВАО-и Лаҳистон харитаи Украинаи "пароканда"-ро мунташир карданд: Ғарб ба ин тартиб омодагии худро барои тағйир додани сарҳади ин ҷумҳурӣ нишон дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар шабакаи телевизиони TVP1-и Лаҳистон харитаи тақсимоти Украинаро намоиш доданд.
Тасвири ин видео дар канали "Telegram"-и вакили собиқи Рада Иля Кива пешниҳод шудааст.
Ба гуфтаи вакили собиқи парлумон, бо ин роҳ Аврупо омодагии худро барои тағйири марзҳои ҷумҳурӣ нишон дод.

"Харита дар шабакаи телевизионии Лаҳистон нишон дода шудааст. Ҳама чизест, ки мо аллакай дар бораи он суҳбат кардем ва Ғарб ба он омодааст", - гуфт Кива.

Дар ҳамин ҳол вай мушаххас накардааст, ки харитаи зикршуда дар кадом замина дар шабакаи телевизионӣ пайдо шудааст.
Ҳамин тариқ муаллифони тасвир вилоятҳои Лвов, Ивано-Франковск, Волин, Ровна ва Тернополи Украинаро як қисми Лаҳистон муаррифӣ кардаанд.
Руминия вилояти Черновтси ва Венгрия Закарпатияро гӯё ба ҳудудҳои худ ҳамроҳ карданд.
Ҳудуди вилоятҳои Одесса, Николаев, Херсон, Запороже, Днепропетровск, Харков ва ҷумҳуриҳои Донбасс дар ҳайати Русия нишон дода шудаанд.
Тибқи фарзияи рӯзноманигорони лаҳистонӣ, дар ҳайати Украинаи мустақил танҳо вилоятҳои марказӣ ва шимолии ин ҷумҳурӣ боқӣ хоҳанд монд.
Ёдовар мешавем, беш аз як сол аст, ки сиёсатмадорон ва чеҳраҳои ҷамъиятӣ дар бораи тақсими ин кишвар ҳарф мезананд.
Тобистони соли 2021 Евгений Мураев, вакили собиқи Радаи Болоӣ, пешгӯӣ карда буд, ки Украина ба чаҳор қисм тақсим мешавад.
Вай изҳор карда буд, ки бо ҳамкорӣ бо Киев Лаҳистон, Маҷористон ва Руминия ҳадафҳои худро амалӣ мекунанд.
Ӯ таъкид карда буд, бесабаб нест, ки мақомоти давлатҳо ба украиниҳо шиноснома тақсим мекунанд ва ба манотиқи ҳамсояи Украина пул мегузоранд.