ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар дар 2 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 2,4 миллион доллар маҳсулот ворид кардаанд.
Дар ҳамин ҳол 41 бор камтар – ба маблағи 60 ҳазор доллар мол аз Тоҷикистон ба хориҷ аз он содир шудааст.
Дар ин бора "Авеста" бо такя ба манобеаш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар медиҳад.
"Дар маҷмуъ, гардиши субъектҳои МОИ-и ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-феврали соли 2022 беш аз 2,5 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36,4 фоиз зиёд аст", - омадааст дар хабар.
Ба иттилои ин ниҳод, субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар 2 моҳи соли 2022 ба маблағи беш аз 73 миллион сомонӣ (5,6 миллион доллар) маҳсулот тавлид кардаанд.
Қобили зикр аст, ки дар 5 минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон ҳудуди 60 ширкати ватаниву хориҷӣ сабти ном шудаанд.
Зимнан дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ ҳудуди 21-тои онҳо ба тавлид ва хидматрасонӣ машғуланд.
Аз ҷумла, дар МОИ "Суғд" 13 корхона ва дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" 8 корхона тавлид мекунанд.
Субъектҳои МОИ "Суғд" дар ин давра ба маблағи беш аз 66,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар МОИ "Данғара" ин нишондод беш аз 6,5 миллион сомониро ташкил додааст.