Лукашенко: Овардани нерӯҳои посдори сулҳ ба Украина заминаи оғози Ҷанги Сеюми Ҷаҳонист

Лукашенко идеяи Лаҳистон дар бораи фиристодани нерӯҳои посдори сулҳи НАТО ба Украинаро оғози Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ номид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко аз пешниҳоди Лаҳистон дар бораи ирсоли як контингенти посдори сулҳи ғарбӣ ба Украина интиқод кард ва гуфт, ки ин амал мунҷар ба оғози Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ мешавад.
"Бубинед, ин лаҳистониҳои девона, аллакай пешниҳод мекунанд, инро (президенти ИМА Ҷо Байден - ред.) аз он тарафи уқёнус даъват кардаву ба гӯшаш мехонанд: биёед, як нирӯҳои посдори сулҳи 100-ҳазорнафарӣ эҷод кунем ва онро тавассути Лвов ба Украина дарорем. Шумо мефаҳмед, ки ин Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ аст? - иқтибос меорад суханони Лукашенкоро дар мулоқот бо мақомоти варзишӣ Sputnik Беларус.
Зарбулаҷали Путин барои Аврупо ҳич гузинаи интихобие боқӣ нагузошт
"Онҳо моро бо ин хислати шумо чунин зери пой мекунанд, ки ҳатто вақти чиррос кардан намеёбем! Ё гумон мекунед, ки ман боз бо автомат пеш медавам? Не, бачаҳо! ,” - гуфт ӯ.
Лукашенко гуфтааст, ки барои кишвари худ "бояд ба дандонҳои худ чанг зад ва онро ҳифз кард".
Зарбулаҷали Путин барои Аврупо ҳич гузинаи интихобие боқӣ нагузошт
"Беавтомат беҳтар аст. Аз ин рӯ вазъ хеле ҷиддӣ ва муташанниҷ аст. Мо бояд инро бубинем ва дарк кунем", - афзуд Лукашенко бо муроҷиат ба мақомоти расмӣ.
Ёдовар мешавем, ахиран Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дархости Лаҳистон барои маскун шудан дар ғарби Украинаро рад накард.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Лаҳистон зарурати эъзоми нерӯҳои посдори сулҳи НАТО ба Украинаро эълон мекунанд. Бо таваҷҷуҳ ба он ки ин иқдомот мунҷар ба даргирии мусаллаҳона байни Русия ва НАТО мешаванд, вазир қайд кард, ки намояндагони Полша бо "иқдомҳои ғайристандартӣ" ҳадафи ба миён овардани "мушкилоти калон,"-ро доранд.
"Бабрҳои Балтика" барои паридан ба варта омода мешаванд
"Илова бар ин ман истисно намекунам, ки вақте онҳо дар бораи нерӯҳои посдори сулҳ ҳарф мезананд, эҳтимолан марзҳои худ - ғарби Украинаро дар назар доранд. Шояд онҳо мехоҳанд, нерӯҳои посдори сулҳро ворид кунанд, дар Лвов ситод созанд ва баъд дар он ҷо бимонанд", - гуфт Лавров дар мулоқот бо донишҷӯён ва омӯзгорони МГИМО.