ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дастур додааст, ки вазъи марзи вилояти Бодкандро зери назорат гирифта, ба қочоқи маҳсулоти ин кишвар ба Тоҷикистон роҳ надиҳанд.
Дар ин бора ӯ зимни ҷаласаи Девони Вазирон, ки тадбирҳои зиддибуҳрониро баррасӣ мекард, дастур дод.
Тошиев мақомоти умури гумрукро ҳушдор додааст, ки аз содироти маҳсулот ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.
"Ягон кило шакар, орд ва як литр рӯған набояд гузарад. Ҳоло дар ҳамсояҳои мо мушкили норасоии ғизост ва нарх яку ним баробар гаронтар аз мост ва аз ин рӯ кӯшиш мекунанд, аз мо бигиранд. Кормандони худро ҳамчун "сипари инсонӣ" истифода кунед, то маҳсулот берун набарояд",- гуфтааст Тошиев.
Ӯ гуфтааст, гумруки Қирғизистон дар мубориза бо қочоқ хеле заиф аст ва дархост кардааст, ки ин ниҳод кормандони худро ҳамчун "сипари инсонӣ" истифода кунад, то маҳсулоти ғизоӣ берун аз ин кишвар наравад.
"Ман шуморо огоҳ мекунам — амнияти озуқавориро зери назорат гиред. Муҳимтар аз ҳама ин аст, боқимондаро мо ҳал мекунем”, - гуфтааст раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Маврид ба зикр аст, ки марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз ҳаводиси моҳи майи соли 2021 баста шуд.
Ҳоло додугирифт ва равуо миёни кишварҳо сурат намегирад.
Ҷониби Қирғизистон гуфт, то ҳалли масоили марзӣ сарҳадашро баста боқӣ мегузорад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан беш аз 460 километри он муайян нашудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз гоҳе ба муноқишаҳои сарҳадӣ боис мешавад.