Сабти чанд таркиш дар як рустои Русия дар марз бо Украина

Дар як рустои вилояти Белгород, дар наздикии марзи Украина силсилае аз таркишҳо сабт шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар ин бора губернатори вилоят Вячеслав Гладков дар "Telegram-канал"-аш хабар додааст.

"Журавлевка шаб ноором буд. Тибқи гузориши ситодҳои оперативӣ, дар он ҷо чанд таркиш рух додааст. Умедворам, ки мақомоти тафтишотӣ сабаби онро зуд муайян мекунанд. Аз аҳолӣ касе захмӣ нашудааст",— навиштааст Гладков.

Ӯ гуфтааст, ки маълумот дар бораи биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ андаке дертар нашр мешавад.
Дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" ин сиёсатмадор қайд кард, ки дар бораи сабабҳои таркишҳо маълумот надорад.
"Сабабҳои рух додани ин таркишҳо маълум нест, дар ин бора маълумот надорам", - хулоса кард Гладков.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҳушдори Антонов аз пайомади таъмини Украина бо силоҳ ва ҷангиён
Қаблан ӯ изҳор карда буд, ки дар натиҷаи оташкушоӣ аз Украина дар рустои Журавлевка хумпора таркид, ки дар пай қурбонӣ низ дошт.
Барои бехатарӣ дар Журавлевка ва Нехотеевка вазъи изтирорӣ эълон шудааст.
Тавре Владимир Пертсев, раиси ноҳияи Белгород дар саҳифаи худ дар "ВКонтакте" гуфтааст, ҳодиса соати 15:00 ба вақти Маскав рух додааст.
Ҳукуматдорон қарор додаанд, ки сокинони деҳаро ба Белгород кӯчонанд. Нехотеевка ва Журавливка камтар аз ду километр дуртар аз марз бо Украина ҷойгиранд.