Оғози даври мушкили иқтисодӣ дар Лаҳистон

Сарвазири Лаҳистон аз даврони мушкили иқтисодӣ дар кишвар шикоят кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Матеуш Мораветский, сарвазири Лаҳистон ахиран дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Варшава гуфт, ки барои иқтисоди Лаҳистон даврони душворе фаро расидааст.
“Ин таҳримҳо (бар зидди Русия) ба Аврупо низ таъсир мерасонад. Инро бояд хеле ошкоро гуфт. Ин ба ҳамёнҳои шаҳрвандони оддӣ дар саросари Аврупо ва ҳамчунин дар Лаҳистон таъсири манфӣ мерасонад”, - гуфт Мораветский.
Вай афзуд, Лаҳистон ба Аврупо дар робита ба таҳримҳо дар бахши нафту газ фишори зиёд меорад.
“Мо мебинем, ки дар бозорҳои нафту газ дар саросари ҷаҳон чӣ кор сурат гирифтааст. Нархҳо зиёд боло мераванд. Ин маънои онро дорад, ки ҳамёнҳои мардуми Лаҳистон ва дигар шаҳрвандони Аврупо холитар мешаванд”, - гуфт оқои Мораветский.
Сарвазири Лаҳистон қайд кард, ки Русия ва Украина содиркунандаи асосии маводи ғизоӣ мебошанд.
“Русия ва Украина содиркунандагони хеле ҷиддии маҳсулоти ғизоӣ, ғалла, гандум ба Ховари Миёна ва ҳамчунин ба бозорҳои Аврупо мебошанд”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ин маънои онро дорад, ки қимати маводи ғизоӣ боло меравад.
"Бабрҳои Балтика" барои паридан ба варта омода мешаванд
Ба гуфтаи сарвазири Лаҳистон, пандемия ва вазъ дар Украина "ба иқтисоди мо таъсири ҷиддӣ мерасонад".

"Мо ба рости мегӯем, ки ин даврони душвор аст ва шояд рӯзҳои душвортаре ҳам фаро расад”, - гуфт Мораветский.

Як қатор кишварҳои Ғарб ба хотири оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина бар зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ карданд. Як зумра ширкатҳо эълон карданд, ки бозори Русияро тарк карданд ва аз бастани корхонаҳои истеҳсолӣ хабар доданд. Тавре ки қаблан Кремл изҳор дошт, таҳримҳои Ғарб хеле ҷиддӣ мебошанд, Русия ба онҳо пешакӣ омодагӣ гирифта буд.
Баъдан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, ки сиёсати боздорӣ ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати Ғарб мебошад ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ хоҳанд зад. Ба гуфтаи Путин, мақсади асосии Ғарб бадтар кардани зиндагии миллионҳо одам мебошад. Путин ҳамчунин гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо амалан уҳдадориҳои худ дар назди Русияро иҷро накарданд ва захираҳои асъори кишварро мунҷамид намуданд.