ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, ки музокирот бо ҳайати толибон дар ҷараёни конфронси Афғонистон, ки дар Чин баргузор мешавад, сурат хоҳад гирифт, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Дар чаҳорчӯби ин нишаст қарор аст, байни вазири хориҷаи кишварҳои ширкаткунанда бо ҳайати толибон суҳбатҳое сурат бигирад, бар илова дар ҷаласаи навбатии васеи “сегона” дар умури Афғонистон дар сатҳи намояндагони хоси Чин - Русия, Чин – Покистон табодули назар сурат хоҳад гирифт”, - гуфт Захарова.
Ёдрас менамоем, чанде пеш ВУХ Русия хабар дод, ки намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар Афғонистон ба Кобул сафар кардааст.
Гуфта мешавад, Замир Кабулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар Афғонистон барои баррасии равобити Маскав ва Кобул бо мақомоти толибон вориди пойтахти Афғонистон шудааст.
Як манбаъ дар Вазорати хориҷаи Русия ба Sputnik гуфт: "Мо тасдиқ мекунем, ки оқои Кобулов аз Афғонистон дидан кардааст ва ҳадафи ин сафар таҳкими равобити Маскаву Кобул аст.