ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Анатолий Чубайс, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури рушди устувор вазифаашро тарк кард. Дар ин бора ба РИА "Новости" намояндаи вижаи иқлим Руслан Эделгериев хабар дод.
Қаблан дар ин бора манобеи ТАСС ва "Bloomberg" низ хабар дода буданд.
Эделгериев афзуд, барканории Чубайс ба рушди барномаи иқлим дар Русия таъсире нахоҳад дошт. Сабабҳои истеъфои ӯ то ҳол норӯшан аст.
Аммо рӯзноманигорони ҳавзаи кремлини РИА "Новости" қайд намудаанд, ки Чубайс дар ин сайт то ҳол ҳамчун корманди ҳукумати президенти Путин сабт шудааст.
Тибқи овозаҳо, сиёсатмадори рус ин кишварро тарк кардааст. Ҳанӯз тасдиқ ё радди расмии ин хабар вуҷуд имконнопазир аст.
Хабари аз кор рафтани Чубайсро сойти Кремл низ мунташир кардааст.
"Чубайс бо хоҳиши худ аз кор рафт. Рафтан ё нарафтани ӯ кори худи ӯст", - тавзеҳ дод сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков.
Ёдовар мешавем, ки Анатолий Чубайс 4 декабри соли 2020 намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русияро ба уҳда гирифт.