ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар пайи ҳисоботи Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳурӣ барои мубориза бо заминфурӯшӣ дастур дод.
"Ҷиҳати роҳ надодан ба қабули қарорҳои хилофи қонун аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба замин чораҳои эътиноии прокурориро таҳким бахшад", - омадааст дар қароре, ки Рустами Эмомалӣ имзо кардааст.
Дар қарор вазифаҳо назди прокурори генералии Тоҷикистон барои фаъолияти минбаъдааш гузошта шуда, таъкид гардидааст, ки ҳар 6 моҳ ба палатаи болоии кишвар ҳисобот ироа намояд.
Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон мегӯяд, заминфурӯшӣ дар навоҳии кишвар хусусияти оммавӣ касб кардааст.
Вай зикр намуд, ки тайи як соли охир 1331 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо ошкор шудаанд, ки 1082 ададашон вобаста ба замин мебошанд.
Дар феҳрасти онҳое, ки барои заминфурӯшӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, 52 нафар корманди Корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, 49 нафар аз кумитаҳои идораи замин, 46 нафар аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, 41 нафар аз раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 16 нафар аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва 5 нафар аз меъморон зикр шудаанд.