ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Ширкатҳои саноатӣ ва тиҷоратии хориҷӣ нагуфтаанд, ки барои ҳамеша тарки Русия мегӯянд.
Дар ин бора Денис Мантуров, вазири саноат ва тиҷорати Русия дар суҳбат бо хабарнигорон иттилоъ дод.
"Дар бораи чунин эълонҳо, ки дарро заданду барои ҳамеша тарк карданд, мо иттилое надорем", - изҳор дошт вазир зимни посух ба суоли мушаххаскунанда, ки кадоме аз ширкатҳо барои ҳамеша тарки кишвар карданд.
Мантуров илова намуд, ки мутаваққиф шудани таъминот ва ё тавлидоти маҳсулот ба далели мушкилоти марбути ҳамлу нақл сурат гирифта истодааст. Аммо ҳамаи ширкатҳои фаъолияташон мутаваққиф ва ё басташуда уҳдадориҳои иҷтимоияшонро иҷро ва музди меҳнати кормандонро пардохт намуда истодаанд, гуфт вазири саноату тиҷорат.
Маврид ба зикр аст, баъди амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молияю бонкӣ ва энержиро шомиланд.
Бонки марказӣ дучори маҳдудиятҳо шуда, бархе аз бонкҳоро аз низоми SWIFT хориҷ карданд. Олмон расмисозии лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ-2"-ро қатъ намуд. ИМА ва кишварҳои Аврупо ҳарими ҳавоияшонро барои Русия бастанд ва даҳҳо ширкати маъруф бозори ин кишварро тарк намуданд.
Дар зимн пешниҳод шудаст, дороиҳои ширкатҳоеро, ки азми тарки бозори Русияро доранд, миллӣ карда шаванд.