Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

"Уралские авиалинии" беш аз даҳ парвоз миёни Тоҷикистон ва Русияро лағв кард: сабаб чист?

Ширкати мазкур давоми ду рӯзи ахир дастикам 10 парвозро аз Тоҷикистон ба Русия бо сабабҳои номаълум лағв ва ё ба таъхир андохт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар фурудгоҳҳои Тоҷикистону Русия парвозҳои ширкати "Уралские авиалинии" ба таври куллӣ ба таъхир афтодаанд ё лағв мешаванд. Дар ин бора маълумоти тоблуҳои онлайнӣ дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Маскав шаҳодат медиҳанд.
Ҳамин тариқ феълан шумораи парвозҳои лағв ва ё ба таъхирафтода бештар аз 10 адад аст.
Аз тамоми парвозҳои батаъхируфтодаи ширкати "Уралские авиалинии" танҳо 2-тоаш ба Маскав парвоз кардааст.
Ҳавопаймоҳои дигари ин ширкат наметавонанд ба пойтахти Русия, ҳамчунин ба Екатеринбург, Уфа, Челябинск ва дигар шаҳрҳои Федератсияи Русия аз Тоҷикистон парвоз кунанд.
Чаро "Уралские авиалинии" ҷадвали парвоз ба Тоҷикистонро тағйир дод?
Бояд гуфт, аз 21 то 22 март 6 парвози ин ширкат аз Маскав ба Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ва бозгашт ба Русия лағв шуд. Намояндагони ширкати "Уралские авиалинии" ва худи кормандони фурудгоҳи Душанбе то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Ногуфта намонд, ки қариб 80 фисади парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистонро маҳз ҳамин ширкат анҷом медиҳад.
Қаблан дар кори ин ширкат чунин мушкилӣ рух дода буд ва намояндагони "Уралские авиалинии" далели онро ба таҳримҳо алайҳи Русия рабт медоданд.