Наврӯз дар Маскав дубора ба сурати онлайнӣ таҷлил мешавад

Наврӯз дар пойтахти Русия низ таҷлил мешавад. Вале хоҳишмандон метавонанд онро танҳо тариқи онлайн тамошо кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik.Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Маскав дар шакли онлайн баргузор мешавад. Дар ин бора Раёсати сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақавии шаҳри Маскав, ки созмондиҳандаи ин ҷашн буд, хабар дод.
Ин ҷашн дар пойтахт 16 сол пайи ҳам баргузор мешавад ва дар соли 2022 бори дувум мустақиман пахш мешавад.
Баргузории чорабиниҳои идона 27 март, аз соати 12:00 то 18:00 дар назар аст. Ҳама имкони пайваст шудан ва тамошо кардани онро доранд.

"Соли гузашта пахши Наврӯзро беш аз 1 миллион нафар тамошо карданд, ки ин аз таваҷҷуҳи зиёди мардум ба ин чорабинии баҳорӣ шаҳодат медиҳад", - гуфт сардори Раёсат Виталий Сучков.

Ба гуфтаи мақомоти шаҳрдорӣ, барномаи пахши интернетӣ то ҳадди имкон ба таҷлили суннатии Наврӯз наздик буда, муаррифии диаспораҳои миллӣ, таомҳои миллӣ, варзиш, бозиҳо ва ҳунарҳои мардумро дар бар мегирад.
Наврӯзро дар кишварҳои мухталиф чӣ гуна ҷашн гирифтаанд? - тасофир
Тамошобинон метавонанд ба кишварҳо ва минтақаҳои Русия, ки ин идро ҷашн мегиранд, саёҳати виртуалӣ анҷом диҳанд. Дар барномаи консертӣ ҳунармандоне чун Burito, Ҳабиб, Ренат Иброҳимов, Элбрус Ҷонмироев ва бисёре аз дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Барои дастрасӣ пайдо кардан ба пайванди сойте, ки Ҷашни Наврӯз аз тариқи он пахш мешавад, лозим аст, то дар вебсайти лоиҳа - ҷашни умумишаҳрии Маскав "Наврӯз- 2022" обуна шавед.