Наврӯз дар Қирғизистон васеъ ҷашн гирифта шуд. Майдони Ала - Тоои шаҳри Бишкек серодам буд. Аз хурд то калон ҳама либоси идона ба бардоштанд.
Санъаткорони номии Қирғизистон ҳамроҳ бо шаҳрвандон Наврӯзро ҷашн мегирифтанд ва беҳтарин сурудҳои худро иҷро мекарданд.
Дар барномаи идона кӯдакони зиёд низ иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд.
Курдҳои Ироқ низ Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Таҷлили ин ид дар Ироқ андаке тавофут дорад. Сокинон дар ин рӯз машъал бардоштаанд.
Дар Туркия сокинон дар ин рӯз ба хотири пойдории сулҳ ангуштони худро боло мекунанд.
Дар Афғонистон бо вуҷуди рад кардани Наврӯз аз сӯйи толибон, ин идро таҷлил намуданд. Шаҳри Кобулро ба хотири Ҷашни Наврӯз бо шиору гулҳо зеб доданд
Ин ҷо маркази бузурги савдои Iran Mall аст. Теъдоди зиёди сокинони Теҳрон ба хотири ҷашн гирифтани Наврӯз назди Маркази савдо ҷамъ омаданд оташбозиҳоро тамошо мекунанд
Курдҳои Ироқ ҳангоми таҷлил аз Наврӯз дар шаҳри Акра машъалҳои оташ мегиранд.
Пайдоиши Наврӯз ба шоҳи афсонавӣ Ҷамшед низ марбут аст, ки он рӯз нурҳои офтоб бар ӯ афтода буданд.
Эрониҳое, ки назди маркази савдо ҷамъ омадаанд, намоиши обиро тамошо мекунанд
Барномаи ғайримаъмулии наврӯзӣ дар Эрон. Сокинон онро дар телефонҳои дастии худ сабт мекунанд.