Сахт андуҳгин шудем: изҳори ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба суқути фоҷиабори ҳавопаймо дар Чин ба кишвардори ин давлат изҳори таслият кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 январ - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар робита ба суқути ҳавопаймо дар ҷануби ин кишвар изҳори ҳамдардӣ кард.
"Хабари суқути ҳавопаймои мусофирбар дар ҷануби Чин, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд",- омадааст дар номаи таслияти Эмомалӣ Раҳмон.
Дар робита ба ин президенти Тоҷикистон ба ҳамтои чинияш ва ба ҳамаи наздикону пайвандони қурбониёни ин фоҷеа ҳамдардиву таслият арз кардааст.
Ин садама рӯзи душанбе рух дод. Ҳавопаймои "Boeing 737"-и ширкати "China Eastern Airlines", ки дар масири Кунмин - Ҳуанчжоу парвоз мекард, дар ноҳияи Тенгсиани шаҳри Вучжоу суқут кард.
Дар ҳавопаймо 132 нафар – 123 мусофир ва 9 узви экипаж буданд. Ба иттилои телевизиони Чин, дар миёни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ набуданд.
Дар бораи сабабҳои фоҷиа то ҳол маълумоте дар дастрас нест.
Наҷотдиҳандагон то ҳол ҷасадҳои мусофиронро наёфтаанд. Пораҳои ҳавопаймои суқуткарда пайдо шудаанд.
Дар ҷои ҳодиса беш аз 600 нафар аз наҷотдиҳандагон фаъолият мекунанд. Сӯхторе, ки пас аз садама дар кӯҳҳо сар зад, алакай хомӯш карда шудааст.