ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Владимир Зеленский ва режими зиддиукраинии ӯ ғарқ мешаванд ва аврупоиҳо базудӣ инро дарк хоҳанд кард, гуфт сиёсатшиноси беларус Юрий Воскресенский.
"Зеленский ва ҳамсафари ӯ, режими зиддихалқӣ ва зидди Украина ғарқ мешаванд,"- гуфт ӯ дар шабакаи телевизионии "Россия 24".
Ба гуфтаи Воскресенский, "аврупоиён базудӣ чашми худро мекушоянд".
"Ҳамаи ин маҷмуаи иттилоот (дар бораи амалҳои баталонҳои миллӣ дар шаҳрҳои муҳосирашуда) симои бе ин ҳам хоксори Зеленскийро нобуд хоҳад кард", - гуфт сиёсатшинос.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.