Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Ширкати "Азимут" иҷозаи парвоз гирифт: Ба Тоҷикистон ҳам мепарад

Ин ширкат ба ҷуз аз Тоҷикистон ҳамчунин ба Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон низ парвоз анҷом хоҳад дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Азимут" иҷозати амалӣ намудани парвозҳо ба Тоҷикистонро гирифт. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ширкати мазкур барои анҷом додани парвозҳо ба Тоҷикистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия, Миср, Исроил, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иҷозат гирифтааст.
Тибқи санаде, ки агентӣ тасвиб намудааст, ширкати мазкур ҳамакнун метавонад аз шаҳрҳои Маскав, Махачқалъа ва Сочӣ ба Дубай ва Туркия парвоз анҷом диҳад.
Фаронса гуфт, барои роҳандозии парвозҳо бо Тоҷикистон омодааст
Илова бар ин ба Озарбойҷону Арманистон низ парвоз анҷом медиҳад.
"Азимут" як ширкати ҳавопаймоӣ дар фурудгоҳҳои Платов (Ростов-лаби -Дон) ва Пашковский (Краснодар) аст. Парки ҳавопаймо аз ҳавопаймоҳои SSJ-100-95LR бо парвози васеъ иборат аст.