ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар Кремл аз раванди музокироти Русия ва Украина қаноатманд нестанд, изҳор дошт Дмитрий Песков, сухангӯи президенти ФР.
Ӯ дар шарҳи мавзуъ ба хабарнигорон гуфт, суръати музокирот на дар сатҳест, ки хоста мешаваду раванди авзоъ аз ҷониби Украина талаб мекунад.
"Ҷониби Русия омодагии бештареро барои кори ҳарчи зудтару фарогир нишон дода истодааст", - изҳор дошт Песков зимни посух дар мавриди марҳилаи музокироти Маскаву Киев.
Дар зимн ӯ аз ҳама, ки тавони таъсир ба ҷониби Украинаро доранд, даъват намуд, ки ин имконро барои моил кардани Киев ба гуфтугӯи созанда истифода баранд.
Зимни шарҳи мулоқоти эҳтимолии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ҳамтои украинияш Владимир Зеленский намояндаи Кремл гуфт, барои ин бояд "музокирот баргузору натиҷаҳо мувофиқа карда шаванд. Феълан ҳич созише нест, ки роҳбарони давлатҳо метавонистанд сабт кунанд, афзуд Песков.
Қаблан Владимир Путин, президенти Русия низ зимни арзёбии музокирот бо Украина ба Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон гуфт, Киев талош дорад, музокиротро ба дарозо кашад.
Вай таъкид намудааст, ки Украина аз роҳи пешниҳодҳои нав ба нави ғайривоқеӣ таъхиркорӣ мекунад.
Музокироти Киев ва Маскав ҳамзамон бо амалиёти низомии Русия дар Украина сурат мегирад, ки аз 24-уми феврал инҷониб идома дорад.